«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Таҳти чунин унвон меҳмонии чоруми ҷавонони минтақаҳои Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ оғоз гардид

Июль 25, 2022 11:17

ДУШАНБЕ, 25.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир» — таҳти чунин унвон меҳмонии чоруми ҷавонони ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ оғоз гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонони фаъоли минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Нарзулло АЛИЗОДА, ки ин сафарро ҳамроҳӣ дорад.

Қабл аз оғози сафар мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо иштирокчиёни ҳамоиш баргузор гардид, ки мавсуф аз ташаббусҳои Роҳбари давлат ҷиҳату рушду ободии меҳан ва ҳимояи арзишҳои миллӣ ёдовар шуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта — саёҳати бофароғат, шиносоӣ бо расму оин, урфу одат, дастовардҳо ва инхикоси воқеъбинонаи он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар рӯзи якуми сафар иштирокчиён аз маконҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвози ВМКБ дидан менамоянд.

Меҳмонии ҷавонон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сурат гирифта, интизор меравад, ки дар чорчӯбаи он иштирокчиён аз маконҳои дилфиреб ва ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Хоруғ ва Ишкошими ВМКБ дидан намоянд. Ҳамзамон бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму оинҳои меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои нақшавӣ ҷойгир карда мешаванд.

Ҳадафи асосии меҳмонӣ — васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шинос намудани онҳо бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи кишвар буда, то 30 июл идома меёбад.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар