Дар арафаи Иди Қурбон Рустами Эмомалӣ ба ниёзмандону маъюбон ба андозаи 1,2 миллион сомонӣ кумак расониданд

Июль 8, 2022 17:16

ДУШАНБЕ, 08.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди Қурбон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ниёзмандону маъюбон ва дигар шахсони эҳтиёҷманд ба андозаи 1,2 миллион сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Инчунин дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи маъюбони Тоҷикистон дар тарабхонаи Яккасарой баҳри 500 нафар маъюбон, нафарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва оилаҳои камбизоату ниёзманд дастархони идона ороста гардид.

Дар ҷамъомад намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Дар оғози ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе паёми шодбошии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро ба кулли иштирокчиён расонида, изҳор дошт, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо ба нафарони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, маъюбону барҷомондагон дасти кумаки худро равона месозад ва намегузорад, ки чунин шахсон бекасиву танҳоии худро эҳсос намоянд.

Дар ҷамъомади имрӯзаи ҷашнӣ ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба якчанд нафар аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд. Аз дастурхони идонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маъюбони тамоми гурўҳҳои синну солӣ, ниёзмандон, шахсони яккаву танҳо ва нафароне, ки ба нигоҳубини онҳо машғул мебошанд, баҳравар гардиданд.

Дар идомаи дастурхони идонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки ба муносибати Рўзи маъюбони Тоҷикистон барои тамоми маъюбони пойтахт ороста гардида буд, барномаи фарҳангиву фароғатӣ ва консертии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ пешниҳоди аҳли нишаст гардонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2022 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид