Дар Душанбе озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд

Июль 18, 2022 15:33

ДУШАНБЕ, 18.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти даватии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ҷиҳати муайян намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Ин озмунҳо бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардидан ва рушд ёфтани шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд. Баргузории озмунҳои зикргардида  барои таҷлили сазовори  31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меоранд.

Бо қарори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»  22 000 сомонӣ ҷудо гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2022 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид