Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе дарсҳо бо истифодаи технологияи иттилоотию иртиботӣ мегузаранд

Июль 27, 2022 15:46

ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сифати омодагии кадрҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва аз натиҷаҳои интихоби довталабон ба муассисаи таълимӣ вобастагӣ дорад. Бо мақсади ҷалби васеи хатмкунандагони мактабҳо барои дохилшавӣ ба филиал соли 2022 оид ба самтгирии касбӣ кори бонизом ташкил карда шуд. Дар Филиал Литсей, инчунин курсҳои тайёрӣ амал мекунанд, ки дар онҳо омодагии мақсадноки дохилшавандагон бурда мешавад. Дарсҳои омӯзгорони филиал бо истифодаи технологияи иттилоотию иртиботӣ, воситаҳои аёнӣ ва шаклҳои гуногуни муаррифии мавзӯъҳои дарсӣ мегузаранд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев иттилоъ дод.

Рустам Ғаниев иброз дошт, ки аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳои «Математика ва илмҳои табиӣ, «Илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ» ва «Лингвистика» барои дохилшавандагон дастурҳои методӣ таҳия ва нашр карда шуда, фаъолияти самтгирии касбӣ тавассути тақсимоти варақаҳои таблиғотӣ, буклетҳо, насби баннерҳо, нишон додани муаррифиномаҳо аз рӯйи равияҳои Филиал ва ҳамкории самаранок бо ВАО амалӣ гардид.

Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи комиссияи қабули соли 2022 2015 довталаб ба қайд гирифта шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2021 406 нафар камтар аст.

Дар филиал ба ҳолати 1 июли соли 2022 451 нафар донишҷӯ, аз он 287 донишҷӯ дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 164 донишҷӯ дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Зикр шуд, ки аттестатсияи давлатии хатм дар соли 2022 мувофиқи Низомнома «Оид ба тартиби гузарондани Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ аз рӯйи барномаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистр дар Донишгоҳ дар шакли фосилавӣ бо истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ амалӣ гардид. Аттестатсияи давлатии хатмро 101 донишҷӯ аз рӯйи шаш равияи бакалавриат гузаштанд.

Ҳайати комиссияҳои аттестатсионии давлатии хатм аз ҳисоби профессорону омӯзгорони факултетҳои тахассусии ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, омӯзгорони Филиал ва корфармоён (намояндагони корфармоён) таъсис дода шуд.

Тайи ду соли охир бинобар сабаби вазъи эпидемиологии ҷаҳон дар филиал раванди таълим дар шакли фосилавӣ ба роҳ монда мешуд. Дар шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 имконияти иштироки бевоситаи олимону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар филиал пайдо шуд. Дар раванди таълим ва аттестатсияи давлатии хатм 20 нафар олимону омӯзгорони донишгоҳ иштироки бевосита намуданд. Ҳамзамон бо иштироки онҳо зиёда аз 30 дарси намунавӣ ва ҳамдигардароӣ ташкил карда шуд. Дарсҳо бо истифода аз усулҳои муосири таълим, истифодаи технологияи иттилоотию иртиботӣ, воситаҳои аёнӣ ва ёрирасон, шаклҳои гуногуни муаррифии мавзӯъҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорон гузаронида шуданд. Ҳамин тариқ, 134 нафар аз ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ҷалб гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар филиал раванди таълимиро 27 нафар омӯзгорони бастӣ, аз онҳо 2 нафар профессор, 7 нафар дотсент, 15 нафар муаллими калон, 3 нафар ассистент ва 12 ҳамкори дохилӣ ва берунӣ таъмин намудаанд.

Раъно НУСРАТУЛЛОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2022 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид

Маводҳои таҳлилӣ