Дар Исфара бо иштироки муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара Конференсияи XXХIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ин шаҳр бо иштироки муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии КИМ ХҲДТ хабар доданд.
Дар кори конфронс Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, вакилон, фаъолони ҳизб ва ҷавонон иштирок карданд.
Нахуст меҳмонон ва вакилони конфронс аз намоши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги шаҳр ороста шуда буд, дидан намуданд.
Дар конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва комиссияи тафтишотии он дар шаҳри Исфара аз моҳи ноябри соли 2019 то июли 2022, интихоби КИ ҲХДТ ва комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, интихоби вакилон ба Конференсияи XУ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Суруридин Зиёваддинзода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июли 2022 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 4 маротиба Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Исфара, 19 маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, 16 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, 4 маротиба маҷлиси фаъолони ҳизб баргузор гардида, дар онҳо 63 масъалаи ҳаётан муҳим ва мубрами рӯз мавриди омӯзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ қарор гирифт.
Дар ин давра 35 адад ташкилоти нави ҳизбӣ таъсис ёфта, шумораи ташкилоти ибтидоӣ 208 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2020 32 адад зиёд мебошад. Тайи ин муддат қабули босифати аъзои ҳизб ба роҳ монда шуда, 2111 нафар шахсони соҳибмаърифат ба сафи ҳизб қабул гардиданд. Алҳол шумораи аъзои ҳизб ба 15 836 нафар расида, аз ин шумора 57,2 фоизашро занон ва 34,5 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар ин давра фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа густариш ёфт. Дар маҷлисҳои раёсат, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, ташкилоти ибтидоӣ ва конференсияҳо масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами рӯз мавриди омӯзиш, таҳлил ва баҳрабардорӣ қарор гирифта, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилоти ибтидоӣ, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, малакаи ташкилотчигӣ фаро гирифта шуданд. Дар меҳвари мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳру деҳот, ки аз ҷониби гурӯҳҳои тарғиботӣ доир карда шуданд, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, дар рӯҳияи инсонпарварӣ, азбаркунии донишҳои муосир, ба камол расонидани насли наврас қарор гирифтанд.


Дар муҳокимаи маърӯза вакилон Таибидин Мухамедов, Меҳриниссо Раҳматова, Зайнура Ҳасанова ва Ғайрат Нозирҷонов иштирок намуданд.
Вакил аз ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Маснуоти оҳану бетонӣ” Абдухолиқ Убайдуллоев ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфараро оид ба фаъолияти молиявии КИШ ҲХДТ дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни конференсия вакилон масъалаҳои дигари рӯзномаро низ муҳокима намуда аз рӯи он қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Ҳамчунин 50 нафар фаъолони ҳизб ба Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вакил интихоб карда шуданд.
Муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Исфара, ҳамзамон вазифаҳои ташкилоти ҳизбиро ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи пурраи меъёрҳои оинномавӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб ҳидоят карданд.
Ҳамчунин маҷлиси нахустини ҳайати нави Кумитаи иҷроия баргузор гардида, Гулафзо Ҷӯраева раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара интихоб шуд.
Конференсия бо қадршиносии гурӯҳи фаъолон ва собиқадорони ҳизб анҷом ёфт.
АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии КИМ ХҲДТ








«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст






