Дар Исфара бо иштироки муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ конференсия баргузор гардид

Июль 22, 2022 10:28

ДУШАНБЕ, 22.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара Конференсияи XXХIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ин  шаҳр  бо иштироки  муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ  баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот  ва таҳлилии КИМ ХҲДТ хабар доданд.

Дар кори конфронс Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, вакилон, фаъолони ҳизб ва ҷавонон иштирок карданд.

Нахуст меҳмонон ва вакилони конфронс аз намоши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги шаҳр  ороста шуда буд, дидан намуданд.

Дар конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва комиссияи тафтишотии он дар шаҳри Исфара аз моҳи ноябри соли 2019 то июли 2022, интихоби КИ ҲХДТ  ва комиссияи тафтишотии  КИ ҲХДТ  дар шаҳри Исфара, интихоби вакилон ба Конференсияи XУ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Суруридин Зиёваддинзода оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июли 2022 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Аз ҷумла зикр гардид,  ки аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 4 маротиба Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Исфара, 19 маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, 16 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, 4 маротиба маҷлиси фаъолони ҳизб баргузор гардида, дар онҳо 63 масъалаи ҳаётан муҳим ва мубрами рӯз мавриди омӯзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ қарор гирифт.

Дар ин давра 35 адад ташкилоти нави ҳизбӣ таъсис ёфта, шумораи ташкилоти ибтидоӣ 208 ададро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2020 32 адад зиёд мебошад. Тайи ин муддат қабули босифати аъзои ҳизб ба роҳ монда шуда, 2111 нафар шахсони соҳибмаърифат ба сафи ҳизб қабул гардиданд. Алҳол шумораи аъзои ҳизб ба 15 836 нафар расида, аз ин шумора 57,2 фоизашро занон ва 34,5 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа густариш ёфт. Дар маҷлисҳои раёсат, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, ташкилоти ибтидоӣ ва конференсияҳо масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами рӯз мавриди омӯзиш, таҳлил ва баҳрабардорӣ қарор гирифта, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилоти ибтидоӣ, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, малакаи ташкилотчигӣ фаро гирифта шуданд.  Дар меҳвари мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳру деҳот, ки аз ҷониби гурӯҳҳои тарғиботӣ доир карда шуданд, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, дар рӯҳияи инсонпарварӣ, азбаркунии донишҳои муосир, ба камол расонидани насли наврас қарор гирифтанд.


Дар муҳокимаи маърӯза вакилон Таибидин Мухамедов, Меҳриниссо Раҳматова, Зайнура Ҳасанова ва Ғайрат Нозирҷонов иштирок  намуданд.

Вакил аз ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Маснуоти оҳану бетонӣ” Абдухолиқ Убайдуллоев ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфараро оид ба фаъолияти молиявии КИШ ҲХДТ дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод намуд.

Дар ҷараёни конференсия вакилон масъалаҳои дигари рӯзномаро низ муҳокима намуда аз рӯи он қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Ҳамчунин 50 нафар фаъолони ҳизб ба Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вакил интихоб карда шуданд.

Муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо баробари изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Исфара, ҳамзамон вазифаҳои ташкилоти ҳизбиро ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи пурраи меъёрҳои оинномавӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб ҳидоят карданд.

Ҳамчунин маҷлиси нахустини ҳайати нави Кумитаи иҷроия баргузор гардида, Гулафзо Ҷӯраева раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара интихоб шуд.

Конференсия бо қадршиносии гурӯҳи фаъолон ва собиқадорони ҳизб анҷом ёфт.

 

АКС: Маркази матбуот  ва таҳлилии КИМ ХҲДТ

Июль 22, 2022 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд