ДАР ЛАХШ ПЕШ АЗ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ БАРОИ ОМӮЗГОРОН КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДОИР КАРДА МЕШАВАД. Роҳбарияти ноҳия пешниҳоди хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»-ро пазируфт

Июль 25, 2022 15:19

ЛАХШ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Ноҳияи Лахш кӯҳистон буда, масофа миёни баъзе ҷамоатҳои деҳоташ то 100 километр дурӣ дорад. Аз ҳамин сабаб барои 1019 нафар омӯзгорони ноҳия мушкил аст, ки пеш аз оғози соли нави таҳсил аз ҳисоби худ аз нуқтаи назари табибон гузашта, дафтарчаи тиббӣ омода намоянд. 

Аз ин хотир Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода пешниҳоди хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмудро ҷиҳати гузаронидани корвони саломатӣ барои омӯзгорон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва пеш аз оғози соли нави таҳсил бо дафтарчаи тиббии санитарӣ таъмин гардидани омӯзгоронро қабул намуда, ба роҳбарияти сохтори тандурустии ноҳия барои сари вақт гузаронидани корвони саломатии омӯзгорон супоришҳои мушаххас дод.

 Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд. 

Дар нишасти матбуотӣ Раиси ноҳия Файзулло Баротзода зикр намуд, ки ҳаҷми умумии даромади  кишоварзии ноҳияи Лахш дар шаш моҳи соли равон 32 миллиону 997 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба гуфти Раиси ноҳия, соли равон картошкапарварони ноҳия дар заминҳои хоҷагии ёрирасон, наздиҳавлигӣ ва заминҳои сохтори кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони умумии 5402 гектар картошка кишт намудаанд, ки айни замон нашъунамои хуб дорад.

Дар нишаст зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  дастгирии соҳибкорону кишоварзон ва эҳтиёҷмандон аз тарафи ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ФҚҲ «Эҳёи кӯҳистон», шуъбаи БДА «Амонатбонк» ва ФҚҲ «Боршуд» ба 1001  нафар сокинони ноҳия  10  миллиону 330,3 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2022 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид