Дар ноҳияи Рӯдакӣ 179 ҳолати қонуншиканиҳо дар самти замин ошкор шуд

Июль 7, 2022 12:58

ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳи соли 2022 вобаста ба корҳои назоратии давлатии истифода ва ҳифзи замин санҷишҳо гузаронида, дар натиҷа 179 адад қонуншиканиҳоро дар майдони 26,73 гектар замин ошкор намуд. Аз ин миқдор 44 мавод барои додани баҳои ҳуқуқӣ дар майдони 2,54 гектар ба Прократураи ноҳия пешниҳод карда шудааст. Дар ин бора муовини Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Инатулло Назриев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Масъулини Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ки нисбат ба 135 нафар шаҳрвандони воқеию ҳуқуқӣ оид ба қонунвайронкунии замин дар майдони 24,19 гектар замин чораҳои маъмурӣ дида шуда, ба маблағи 67 ҳазору 968 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз он 64036 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст.

Инатулло Назриев иброз дошт, ки бештари қонунвайронкуниҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ду ҳолат дида мешаванд. Барои мисол, аз шумораи умумии қонунвайронкуниҳо 96 ҳолати қонунвайронкунӣ барои надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва 24 ҳолати дигар барои риоя накардани ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба замин ба қайд гирифта шудаанд. 106 ҳолати қонунвайронкуниҳо дар маҳал бо масоҳати 24,56 гектар замин бартараф карда шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, моҳи марти соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дастур доданд, ки чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла фурӯши ғайриқонунии заминро пурзӯр намояд.

«Бо мақсади пешгирӣ аз қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин санҷишҳои прокурориро пурзӯр кардан зарур аст», — омадааст дар қароре, ки Раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат имзо кардааст.

Дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки Прокурори генералӣ муваззаф шудааст, ҳар нимсола аз натиҷаи санҷишҳои мазкур ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Қаблан Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ Ориф Хоҷазода ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 37 ҳолати риоя нашудани қонунгузории истифодаи замин сабт мешавад. Ӯ инчунин гуфт, ки имрӯзҳо дар сафи кумита тозакунии кормандоне, ки дар фасод ва қаллобӣ бо замин даст доранд, идома дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 7, 2022 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд