Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ баррасӣ шуд

Июль 16, 2022 09:05

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кул, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи мазкур дар самти обу иқлим, инчунин татбиқи барномаҳои минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Илова ба ин, натиҷаҳои 9-умин Форуми минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди устувор ва нақшаҳои Комиссия барои дастгирии кишварҳои минтақа яке аз мавзӯъҳои суҳбати ҷонибҳо буданд.

Ҷонибек Ҳикмат аз натиҷаҳои Конфронси дуввуми байналмилилии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва аҳаммияти он барои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) гуфт.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми сатҳи байналмилалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардида буд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 16, 2022 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид