ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Шуғнон ба кӯдакони ятиму маъюб кумаки яквақтаи пулӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили иди Қурбон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти хайрхоҳ ба 41 нафар кӯдакони ятиму маъюби ноҳияи Шуғнон кӯмаки яквақтаи пулӣ ба маблағи зиёда аз 43 000 сомонӣ, ки ба ҳар кадомашон ба маблағи 1057 сомонӣ рост меояд, супорида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
Имрӯзҳо дастгирӣ намудани табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба хусус ятимону бепарасторон ин нишони дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад.
Тавре дар Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, «дар баробари дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кумак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кумак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад».
Тазаккур бояд дод, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат ин табақаи зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдомҳои ташаббуси хайрхоҳона инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






