Дар шаш моҳи соли 2022 дар ноҳияи Фирдавсӣ 138 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуданд

Июль 21, 2022 10:03

ДУШАНБЕ, 21.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ-июни соли 2022 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 138 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда,  99,4 млн сомонӣ фоида ба даст оварданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Фатҳиддин Усмонзода дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.

Ба зикри мавсуф, дар ин давра корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи 2,4 млн доллари амрикоӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба хориҷи кишвар содирот намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021  4,0 млн доллари амрикоӣ кам мебошад.

«Воридоти мол ба 15,5 млн доллари амрикоӣ баробар гардидааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (17,9 млн доллари амрикоӣ) 2,4 млн доллари амрикоӣ кам мебошад»,- гуфт раиси ноҳия.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2022 дар ноҳияи Фирдавсӣ 4012 ҷойи нави кор аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таъсис дода шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ омода гардид.

Ҳамчунин тибқи ин нақша 9944 ҷойи нави кории мавсимиву доимӣ ташкил гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад