Дар шаш моҳи соли равон ба Шӯрои бадеии «Тоҷикфилм» 22 филмнома пешниҳод гардид

Июль 28, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон барои баррасӣ ва омӯзиш ба Шӯрои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» 22 филмнома пешниҳод гардида, 7 адади он барои коркард қабул шуд, — иттилоъ дод Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён рӯзи чоршанбе, 27 июл зимни нишасти матуботии ин ниҳод.

Ба гуфти Маҳмадсаид Шоҳиён, аз миёни ин ҳафт филмнома яке филми бадеӣ бо номи «Ҳақиқат» аст, ки дар бораи тақдири рӯзноманигор ва талошҳои ӯ барои  фаъолияташ нақл мекунад.

«Барои тарғиби дастовардҳои беҳтарини кинои миллӣ, тақвияти ҳамкории филмофарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»таъсис дода шуд. Барои ба даст овардани ин ҷоизаи миллӣ тӯли як моҳ ҳайати доварон ба беҳтарин филмҳои нави ватанӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони дохилӣ рӯйи навор омадаанд, баҳо гузоштанд. Ин ҷоизаи миллӣ аз озмуни филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ иборат мебошад», — гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки 1 апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими супоридани Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор гардид.

Унвони «Беҳтарин филми аниматсионӣ»-ро филми «Лаклаки табиб»-и Муҳиддин Сулаймонӣ, «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши занона»-ро Мавлона Наҷмиддинова аз филми «Автобус», «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона»-ро Салоҳиддин Шукуров аз филми «Дов», «Беҳтарин коргардон»-ро Файзулло Файзов бо филми «Бачаи обӣ», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ»-ро «Додараки фариштаҳо»-и коргардон Умед Мирзоширинов, «Беҳтарин филми ҳунарӣ»-ро «Дов»-и Муҳиддини Музаффар соҳиб шуданд. Инчунин филме, ки «Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон»-ро ба даст овард, «Охирин сайди   Сайёд»-и коргардон Муҳаммадрабии Исмоил шуд.

Филми «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2022 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст