ДАСТОВАРД. Хонандаи Литсейи шаҳри Хуҷанд ғолиби олимпиадаи байналмиллалӣ, соҳиби шоҳҷоиза ва 16 ҳазор доллари амрикоӣ гардид

Июль 5, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Муҳаммадҷонов дар олимпиадаи байналмиллалии ISPT — Қазоқистон 2022, ки аз ҷониби Донишгоҳи Қазоқистон ба номи Сулаймон Демирел баргузор карда шуд, иштирок намуда, бо ба даст овардани бештарин хол мақоми аввалро ишғол намуда, соҳиби Шоҳҷоиза — гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 16 ҳазор доллари амрикоӣ ва имкони таҳсили ройгон дар дилхоҳ риштаи донишгоҳи мазкур гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматзода хабар медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола Донишгоҳи мазкур ба хотири дарёфти хонандагони болаёқат байни 30 кишвари олам олимпиадаи байналмилалӣ баргузор намуда, ба 12 нафар хонандагон аз тамоми олам Шоҳҷоиза — бурсияи таҳсили ройгон дар Донишгоҳро  медиҳад.

Имсол дар олимпиадаи ин Донишгоҳ 90 нафар хонандагони синфи 11 аз Тоҷикистон иштирок намуда, танҳо ба Фирдавс Муҳаммадҷонов муяссар гардид, ки соҳиби Шоҳҷоиза (гранти 100 фоиза)-и олимпиадаи мазкур гардад.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Сулаймон Демирели кишвари Қазоқистон бо 21 донишгоҳои бонуфузтарин давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла: Амрико, Англия, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Австралия ҳамкорӣ дошта, донишҷӯён имкон доранд ба ин давлатҳо ба муҳлати аз 6 — моҳ то 1- сол сафар шуда, барои омӯзиши илм ва сайқал додани дониш таҷрибаомузӣ намоянд.

Донишгоҳи мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи қораи Осиё шомил буда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳ наздик ба 16 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

Фирдавс Муҳаммадҷонов — хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд яке аз аз омилҳои ба ин муваффақияти комил расидани худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар Литсей медонад.

Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирокаш дар озмуни Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи Сулайман Демирел ӯ аз ду фан- забони англисӣ ва математика имтиҳони тестӣ супорида, дар озмун ғолиб гардид.

Фирдавс Муҳаммадҷонов аллакай ихтисоси худро дар Донишгоҳи мазкур интихоб намудааст, ӯ дар риштаи технологияи иттилоотӣ таҳсилашро идома дода, дар давоми донишҷӯияш барои омӯхтани таҷрибаи илмӣ донишгоҳи Амрикоро интихоб намудааст.

Дар воқеъ, омӯзгорони ин боргоҳи таълими дастовардҳои худро дар иртибот ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати донистани забони англисӣ барои мутахассисони соҳаи мамлакат, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.

Лозим ба таъкид аст, ки танҳо дар соли хониши 2021-2022 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 15 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 493 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Ҳамзамон 32 нафар хатмкунандагони ин боргоҳи таълимӣ соҳиби грантҳои омӯзишӣ дар кишварҳои Швейтсария, Англия, Сингапур, Италия, Олмон, Туркия ва Фаронса гардида, ҳамчунин 12 нафар дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 Донишгоҳҳои бонуфузи Амрикоӣ гардиданд. Лозим ба таъкид аст, ки ба даст овардани бурсияҳо имкон медиҳад, то хонандагон дар беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон ройгон таҳсил намуда, аз фановариҳои муосир баҳравар гарданд.

АКС: Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд

Июль 5, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ». Бо чунин унвон ҳамоиш доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзаминро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ифтитоҳ намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 26 сол дар ноҳияи Восеъ 16 муассисаи нав бунёд карда шуд
Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид
«МАКТАБИ ПЕШСАФ — МАКТАБИ ШАРИК». Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон таҳти чунин унвон низоми нав амалӣ карда мешавад
Осори Робиаи Балхӣ ба 10 забони хориҷӣ тарҷума карда шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд