Дилмурод Давлатзода: Нафақаи баланд аз рӯи маоши баланд таъйин карда мешавад

Июль 23, 2022 11:44

ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои гирифтани нафақаи муносиб маоши баланд таъсир мегузорад. Агар шахс маоши  баланд гирад, ба ӯ нафақаи баланд дода мешавад. Аз ин рӯ барои гирифтани нафақаи баланд ягон маҳдудият ҷой надорад. Ҳоло дар Тоҷикистон барномаи электронӣ амал мекунад, ки ба он ному насаб ва СИН-и шахс ворид карда мешавад.. Ин барнома тамоми фаъолияти корӣ ва музди меҳнати шаҳрвандонро ҳисоб карда, нафақа таъйин мекунад.

Дар ин бора 22 июл зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода  иттилоъ дод.

Ба гуфти мавсуф, «дар ҷумҳурӣ солҳои пеш нафақаи кормандони корхонаҳои саҳомӣ ва хусусӣ зиёд буд. Аммо, мутаассифона, солҳои охир бо ворид гардидани баъзе тағйирот ба қонунгузорӣ нафақаи ин кормандон паст карда шуд. Дар маҷмӯъ, дар давраҳои пеш нафақаи баландтаринро  кормандони бонк ва соҳибкорон мегирифтанд. Ба монанди баъзе кормандони бонк, ки музди меҳнаташон баланд буд ва то 18-19 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтанд. Имрӯз низ нафақахӯроне ҳастанд, ки нафақаи баландтарини то 22-25 ҳазор сомонӣ мегиранд».

Дилмурод Давлатзода иброз дошт, ки «соли гузашта лоиҳаи шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа мувофиқа шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2021 «Дар хусуси лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» ба тасвиб расид. Тибқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия расман ба фаъолият машғуланд, бо шаҳрвандони ин кишвар баробар буда, ҳуқуқи нафақа гирифтан доранд. Созишнома имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа собиқаи корӣ ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Агар як қисми собиқаи кории муҳоҷирон дар Тоҷикистон гузашта бошад, Тоҷикистон низ нафақа муайян мекунад».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин давра ҳамкорӣ дар доираи созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, ки бо  мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, вусъат ёфтааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2022 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд