«ES LEBE UNSERE FREUNDSCHAFT! – ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ МО!». Таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон

Июль 11, 2022 15:22

ДУШАНБЕ, 11.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар толори «Lichthof»-и Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон ҳамоиш бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид.

Дар ин маърака намояндагони вазорату идораҳои марбута, вакилони Бундестаг, роҳбарони корпуси дипломатии муқими Берлин, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ, собиқ сафирони Олмон дар Тоҷикистон, хабарнигорон ва ҳаммеҳанони бурунмарзӣ иштирок доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, таваҷуҳи ҷамъомадагонро ба 30 соли рушди робитаҳои дипломатӣ ва дастовардҳои байни тарафҳо дар ин давра бадастомада ҷалб намуд.

Имомудин Сатторов нақши боризи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкиму тақвияти муносибатҳои дӯстӣ бо Олмон таъкид намуд. Ҳамчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, обшавӣ ва наҷоти пиряхҳо пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим тамаркуз карда шуд.

Сардори Раёсати кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон хонум Анке Конрад табрикномаи роҳбарияти Вазоратро ба унвони Сафири Тоҷикистон ва ҳозирин расонид.






Бо истинод ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ, аксҳои суратгири шинохтаи тоҷик, собиқ мухбари суратгири АМИТ «Ховар», дастпарвари факултаи аккосии Донишгоҳи давлатии тарроҳӣ ва текнулужии Маскав Дидор Саъдуллоев, ки дар онҳо мероси ғании таърихию фарҳангӣ, табиати нотакрор бо кӯлҳои зебо, қуллаҳои осмонбӯс, шаҳрҳо ва мардуми меҳмондӯст инъикос ёфтаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамзамон, нусхаи аксҳо аз Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” барои меҳмонон қобили таваҷҷуҳ буданд.

Бо мақсади огаҳии бештар пайдо кардан аз таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони олмонӣ ба иштироккунандагон тақдим гардид.

Баъд аз анҷоми қисмати расмӣ барои меҳмонон дастурхони пурнозу неъмати тоҷикӣ бо анвои гуногуни ғизо ва меваҳои хушки ватанӣ ороста ва пешниҳод шуд.

Ҳамоиш бо нидоҳои «Es lebe unsere Freundschaft!» – «Поянда бод дӯстии мо!» ба поён расид.

АКС: Сафорати ҶТ дар ҶФО

Июль 11, 2022 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд