Фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ҳамадонӣ беҳтар гардидааст
ҲАМАДОНӢ, 17.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ баъди ворид гардидан ба бинои наву замонавӣ ва таъмин бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намудаанд. Дар ноҳия беш аз 14 ҳазор нафақагирон мебошанд, ки бо дуруст ба роҳ мондани фаъолияти кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия ҳар моҳ нафақапулиашонро мегиранд. Ҳоло дар ин идора 7 нафар мутахассисон ба сокинон хизмат мерасонанд ва ҳуҷҷатҳои онҳоро сари вақт қабулу баррасӣ менамоянд.
Тавре корманди Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи ноҳияи мазкур Ёраҳмад Қурбонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, солҳои пеш аз сабаби нарасидани мутахассисони соҳавӣ ва таҷҳизоту лавозимоти корӣ дар фаъолияти онҳо камбудиҳои зиёд ба назар мерасиданд. Аксар маврид шахсони ба нафақа мебаромада дар омода кардани ҳуҷҷатҳояшо ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешуданд. Айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор дар ин самт дуруст ба роҳ монда шудааст ва ин мушкилот аз байн рафтааст.
Кормандони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Ҳамадонӣ бошанд давоми шаш моҳи соли 2022 фаъолияти худро дар асоси нақшаи шуъбаи раёсати САҲШ вилояти Хатлон ба роҳ монда, 4004 сабти ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифта, ба 2078 кӯдаки навзод шаҳодатномаи таваллуд супориданд.
Гуфта мешавад, ки дар баробари ин кормандони бахши САҲШ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо дар байни аҳолӣ ва хусусан оилаҳои ҷавон корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату вохӯриҳо ва гашти хона ба хонаро ба роҳ мондаанд.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






