ФУТБОЛ. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона доир мекунад
ДУШАНБЕ, 10.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 14 ва 16 июл дар шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ доир мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҷуз аз бозиҳои дӯстона бо Арабистони Саудӣ, мунтахаби ҷавонони мо дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 3 то 12 август дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» шомил ҳаст. Рақибони дастаи мо тимҳои миллии Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур мебошанд. Бозиҳои интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини дар ҷойи дуюм қарор гирифта ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Вохӯриҳои рафиқона
14 июл (панҷшанбе)
Арабистони Саудй – ТОҶИКИСТОН
Абҳа, Арабистони Саудӣ
16 июл (шанбе)
Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
Абҳа, Арабистони Саудӣ
Акс: ФФТ








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






