Футболбози тоҷик Манучеҳр Сафаров фаъолияти варзишиашро дар дастаи «Локомотив»-и Тошканд идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Манучеҳр Сафаров фаъолияти худро дар дастаи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд идома медиҳад, хабар додааст шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Манучеҳр Сафаров аз дастаи «Персеполис», ки сар аз моҳи декабри соли гузашта дар ҳайати он бозӣ мекард, ба дастаи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд гузашт.
Қобили зикр аст, ки Манучеҳр Сафаров қаблан дар дастаҳои футболи «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир», «Хуҷанд» ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ кардааст.
Манучеҳр Сафаров аз соли 2019 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 18 бозӣ анҷом додааст.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






