Футболбозони ҷавони тоҷик аввалин бозии дӯстонаи худро бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ баргузор карданд

Июль 15, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Абҳа бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ нахустин бозии дӯстонаи худро баргузор карданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин бозии ҷолиб  дастаи  мунтахаби ҷавонони  то 20 солаи Тоҷикистон  аз дастаи мунтахаби  ҷавонони  то 20 солаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид. Мавриди зикр аст, ки  ягона голро   бозингари  дастаи  мунтахаби  ҷавонони     Арабистони Саудӣ    Язид Гошан дар дақиқаи 4 вохӯрӣ  ба  нишон расонид.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол  бози дуюми дӯстонаи худро рӯзи 16 июли соли равон дар шаҳри Абҳа бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ  баргузор мекунад.

 Бозиҳои дӯстона
14 июл (панҷшанбе)

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН-1:0

Абҳа, Арабистони Саудӣ

16 июл (шанбе)

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Абҳа, Арабистони Саудӣ 

                                                                                                                Акс: ФФТ

Июль 15, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард