Футболбозони ҷавони тоҷик аввалин бозии дӯстонаи худро бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ баргузор карданд
ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Абҳа бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ нахустин бозии дӯстонаи худро баргузор карданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин бозии ҷолиб дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид. Мавриди зикр аст, ки ягона голро бозингари дастаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ Язид Гошан дар дақиқаи 4 вохӯрӣ ба нишон расонид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон оид ба футбол бози дуюми дӯстонаи худро рӯзи 16 июли соли равон дар шаҳри Абҳа бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ баргузор мекунад.
Бозиҳои дӯстона
14 июл (панҷшанбе)
Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН-1:0
Абҳа, Арабистони Саудӣ
16 июл (шанбе)
Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
Абҳа, Арабистони Саудӣ
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






