Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «ISTEM GRAND FINAL – 2022» соҳиби 11 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 25.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. 6 нафар хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанҳои дақиқ — табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон иштирок намуда, 4 медали тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, хонандагони литсейи мазкур ҳамагӣ муҳассили синфи 9 буда, дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июл ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ ба шаҳри Франкфурт сафарбар гардида буданд.
Дар натиҷаи озмун онҳо маҳорати хуб нишон дода, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясминахон, Негматуллоев Акмалҷон аз фанни математика ва Мамадҷонов Меҳроҷ аз фанни табиатшиносӣ — ҷойи аввал ва медали тилло, Маъсумова Фарина ва Саидаҳматзода Салимбек аз фанни математика ва табиатшиносӣ — ҷойи 2-ю ва медалҳои нуқра, Ҳасанов Сафархон, Аҳророва Ясмина, Мамадҷонов Меҳроч аз фанни табиатшиносӣ — ҷойи 3-юм, медали биринҷӣ ва Негматуллоев Акмалҷон аз фанни табиатшиносӣ ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд.
Дар умум дастаи олимпии Тоҷикистон дар ин олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ 12 ҷойи ифтихориро соҳиб гардид, ки ин натиҷаи беҳтарин миёни 93 кишвари олам ва қариб 8 ҳазор иштирокчиёни озмун ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи мазкур 19-24 июл дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон миёни хонандагони синфҳои 3-11 гузаронида шуда, хонандагони Литсей дар категорияи хонандагони синфҳои болоӣ дар ин олимпиада иштирок намуданд.
Ин хонандагони боистеъдод — ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ инчунин 25-27 июли соли равон дар Форуми математикони ҷавони ҷаҳон, ки дар шаҳри Парижи кишвари Фаронса баргузор мегардад, иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.
Олимпиадаи байналмилалии фаннии «ISTEM — GRAND FINAL 2022» 20 сол қабл аз ҷониби ҷоизадори Ҷоизаи Нобел- физики машҳури амрикоӣ Карл Вейман ва Донишгоҳи Колорадои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико созмон дода шуда, ба ҳаракати олимпии ин олимпиадаи фаннии байналмилалӣ беш аз 93 кишвари олам шомиланд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд









Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






