Имрӯз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, БДА «Амонатбонк», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии БДА ҶТ «Амонатбонк» соати 09:00 дар бонки мазкур доир мешавад.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 10:00 дар Агентии мазкур нишасти матбуотӣ барпо менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотиро соати 10:00 дар толори баргузории нишастҳои матбуотии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир менамояд.
Нишасти матбуотии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соати 10:00 дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






