«ИСРОФ КОРИ БАД АСТ ВА ИСРОФКОР БАРОДАРИ ШАЙТОН». Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд оростани дастархони серхарҷу пурдабдаба ва идгардак анъанаҳои мардумиянд, на исломӣ
ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 9 июл дар Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мегардад. Мутаассифона, тавре ба мушоҳида мерасад, дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон баъзе аз ҳамватанони мо намоишкорона дар оростани дастархони идона ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, инчунин дар бозорҳо ба таври сунъӣ нархҳо аз ҷониби савдагарон боло бурда мешаванд. Ё ин ки дар ин рӯз кӯдакон субҳи барвақт хеста, дар даст халта хона ба хона, кӯча ба кӯча ва маҳалла ба маҳалла мегарданд, идро табрик мегӯянд ва бар ивази он аз соҳибхона туҳфа мегиранд. Доир ба ин мавзуъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: — Пас аз чанд муддат Иди Қурбон фаро мерасад, ки фазилати он хайру саховат ва дастгирии фақирону камбизоатон, бенавоёну ятимон мебошад. Аммо тавре мушоҳида мегардад, имрўзҳо дар бозорҳо мардум барои оростани дастархон ва тақдими шириниҳо ба кӯдакон саргарми харид ҳастанд. Шумо доир ба ин рафтори сокинон чӣ андеша доред?
Саидмукаррам Абдуқодирзода: — Мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии худ машҳур аст, аммо бо вуҷуди ин дар рӯзи ид набояд дар оростани дастархони пурдабдаба ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳем. Ҳар шахс бояд то ҳадди имкон дастархони худро оро диҳад. Агар мо имкон надошта бошему қарз карда, дастархони пурдабдаба ороем, хеҷ савобе ба мо намерасад.
Тавре медонем, оростани дастархон дар рӯзи идҳои исломӣ ва идгардаки кӯдакон дар вилоёти Суғду Бадахшон доир намегардад, ба истинои баъзе аз макнотиқи ин ду вилоят.
Оростани дастархони идона ва идгардак як анъанаи мардумӣ аст, на исломӣ. Аз ин рӯ ман, ҳамчун Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегўям, ки ҳар инсоне, ки имконият надорад, барои худ ҷабр накунад. Инчунин фикр накунад, ки ман гунаҳкор шудаам ё ин ки суннати идро ба ҷо наовардаам, дар ин маврид хотирҷамъ бошанд. Зеро ин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва зиёдаравӣ чизи дигаре нест.
Дар Ислом мегӯянд, ки исроф кори бад аст ва исрофкор бародари шайтон. Мо дар ин рӯзи муборак набояд ба исрофкорӣ роҳ диҳем. Бояд танҳо «дастархони маънавӣ» оро диҳем.
АМИТ «Ховар»: — «Дастархони маънавӣ» – яъне чӣ?
Саидмукаррам Абдуқодирзода: — Яъне барои аҳли оилаи худ, дӯстону наздикон анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳат ба наврасону ҷавонон, кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва фаровон доштани дигар корҳои хайр.
АМИТ «Ховар»: — Дар арафи чунин идҳо савдогарон дар бозорҳо ба ҷои кам кардани нарху наво ва савоб гирифтан (мисли як навъ садақа) баръакс молу маҳсулотро гарон мефӯрушанд…
Саидмукаррам Абдуқодирзода: — Бале, маатаассуф, зиёдаравӣ ҳатто ба ҳадде мерасад, ки тоҷирони беинсоф дар ин айём нархи маҳсулотро дучанд мебардоранд. Ба таври сунъӣ боло бурдан нархҳо аз назари дини ислом ҳаром шуморида мешавад. Зеро он ба табақаҳои мухталифи ҷомеа душворӣ оварда, мусибатҳои зиёдеро дар пай дорад. Ҳоло он ки анборҳо пур аз маҳсулот аст. Норасоии мавод нест, танҳо ин аст, ки чанд рӯз қабл аз ид талаботи харидорон зиёд мегардад. Соҳибкорон аз ин фурсат сӯистифода мекунанд ва нархҳоро ба осмон мебардоранд. Дар ин сурат савдогар фикр мекунад, ки ман даромад ба даст овардаам, фоида дидаам. Аммо он чанд тангае, ки бо роҳи зулм ба даст овардаст, охируламр сад ғаму андӯҳро ба сари худи соҳибкор ва аҳли хонадони ӯ низ меорад. Зеро ӯ мардумро зулм кард, ба мардум мушкили ва сахтӣ овард.
Пайғамбар (а.с.) дар як ҳадисе таъкид мекунанд, ки «Касе агар ба таври сунъӣ нархро нисбат ба мардум боло бурд, аниқ бидонад, ки азоби ҷаҳаннам дар интизораш ҳаст. Чаро ки болои мардум сахтӣ овард».
АМИТ «Ховар»: — Идгардаки кўдакон, яъне хона ба хона гашта, ҳар гуна туҳфа гирифтанашон оё ба дину мазҳаб ягон рабт дорад? Ин амал аз куҷо сарчашма гирифтааст?
Саидмукаррам Абдуқодирзода: — Дар ягон китоби муътабари исломӣ, динӣ ё мазҳабӣ, хусусан мазҳаби Имом Абӯ Ҳанифа идгардак зикр нашудааст, ки дар рӯзи ид кӯдакон дар даст халтаҳо гирифта гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаҳо бигарданд. Ҳоло идгардаки кӯдакон аз чанд ҷиҳат зиён дорад. Аввал ин ки мо дар рӯзҳои саратони тобистон қарор дорем ва ҳавои гарму сӯзон ба саломатии кӯдакон хатар дорад. Дигар ин ки кӯдакон беназорат монда, сабаби сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш шуда метавонад. Хуб мешуд, ки волидайн кӯдакони худро дар доираи хонаводаи худ хушҳол кунанд, нагузоранд, ки ба ҳар даре ва ҳар ҷое бираванду беназорат монанд.
Дар ҳамин робита Шӯрои уламо барои он, ки кӯдакон дар ин рӯз беназорат намонанд, ба сокинони кишвар муроҷиатнома низ ироа мекунад.
АМИТ «Ховар»: — Баъзеҳо бар ин назаранд, ки идгардак як урфу анъанаи мардуми минтақаи кӯҳистон аст. Ба андешаи бархе аз уламо, аз ҷумла пофессорҳо Равшан Рахмонӣ ва Рӯзӣ Аҳмадов, ин анъана аз замони чашну сури пеш аз Ислом, дар аҳди зардуштиён пайдо шудааст…
Саидмукаррам Абдуқодирзода: — Ҳарчи ҳам набошад. Ин маънии онро надорад, ки ҳар анъанаву русуми гузаштагонамон бояд пойдор бимонанд. Масалан, анъаноти қадимие, аз қабили таҷлили идҳои Наврӯз, Меҳргон, омӯхтани илму дониш, эҳтироми волидайн ва калонсолон, кӯмак ба мӯҳтоҷон ва ғайраву ҳоказо низ аз гузаштагони бостонии мо ба мерос мондаанд, ки хеле шоиста, зебо, пур аз ҳикмат, қобили пайравӣ ва боиси ифтихори ҳамаи моянд. Маҳз ба ҳамин хотир бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаҳои муфид аз нав эҳё ва тарғибу тарвиҷ меёбанд. Вале одоту анъаноти дигари мардумӣ ҳастанд, ки низ аз гузаштаҳо то ба имрӯз расидаанд, мисли ҳамин худнамоӣ, исрофкорӣ ва ғайра, ки бояд аз баҳрашон гузарем. Ба ин мақсад боз ҳам Сарвари давлат ибтикори наҷиб нишон доданд ва қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба вуҷуд омад.
Ва идгардак ҳам яке аз одатҳоест, ки кайҳо боз дар байни мардуми мо роиҷ аст, вале чуноне гуфтем, ҳеҷ манфиату обруе на ба миллати мо медиҳад, на бар ҳар сокини кишварамон. Куакон аз хурдӣ ба амали талбандагӣ хӯ мегиранд.
АМИТ «Ховар»: — Тавре мушоҳида мешавад, гурӯҳи дигари наврасон ба хонаҳо омада, маҷбуран оят мехонанд. Ҳол он ки худ саводи динӣ надоранд, сураи фотиҳаро ғалат азёд карда, ба ин васила пул кор мекунанд. Дар хусус чӣ гуфта метавонед?
Саидмукаррам Абдуқодирзода: — Дар рӯзи ид баъзе оварагардоне низ ҳастанд, ки мехоҳанд аз фурсат истифода намоянд. Баъзе аз матнҳое, ки онҳо тиловат мекунанд, агар хуб гуш фаро диҳед, хоҳед дарёфт, ки ҳеҷ ташбеҳ ба Қуръон надоранд. Чунон ғалат мехонанд, ки ҳам хонанда ва ҳам шунаванда гунаҳгор мешавад. Тарафи дигари масъала он аст, ки он оятро барои чӣ мехонад? Яъне тамоми ибодат бояд ба хотири Худованд бошад. Тиловати Қуръон ин ибодат аст ва ибодат ба хотири Худост, на барои касб кардани пули ночиз. Ҳам худро осӣ мекунад гиранда ва ҳам диҳандаро.
Ман аз ҳамаи сокинон хоҳиш мекунам, ки ба чунин наврасоне, ки мехоҳанд дар погаҳи дар, ҷойҳои номуносиб биншинанду тиловати Қуръон кунанд, иҷозат надиҳанд. Қуръон эҳтиром карда шавад, онро дар ҷойи муносиб, вақти муносиб, фазои муносиб бояд тиловат намуд, ки ҳама хомӯш ва ором бошанд. Зеро тилловати Қуръон дар ҷойҳои номуайншуда қатъиян манъ аст.
АМИТ «Ховар»: — Барои моҳияти идгардакро ба мардум фаҳмонидан ва ба танзим даровардани он кадом қишри ҷомеа бештар нақш дошта метавонанд?
Саидмукаррам Абдуқодирзода: — Қабл аз ҳама, ба ин кор падару модар муваззаф аст. Зеро муаллим ва мураббии асосӣ ва аввалин барои фарзанд падару модар мебошанд. Дар навбати дуюм тамоми зиёиён ва рӯҳониён ба ин кор вазифадоранд. Инчунин аз боғча то муассисаи таълимӣ ва тамоми ниҳодҳои илмӣ, мақомоти ҳифзи қонуну тартибот бояд дар ин кор ба пуррагӣ саҳм гузоранд. Агар ҷомеа бетараф бошад, дар ин ҷода мо ба пешравӣ ноил намегардем. Пас ҳама вазифадор аст, ки саҳми худро дар пешрафт, осудагӣ ва рушди анъанаҳои нек гузоранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»