МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон

Октябрь 17, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Маҳз таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё ва ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид гардид ва ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон иди ҳосилғундорӣ ва ҷамъоварии самараи кори кишоварзон аст.

АМИТ «Ховар» ба муносибати ҷашни Меҳргон иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.

—Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад.

***

Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад.

***

Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯзи оламафрӯз бузургтарин ҷашнест, ки омилу заминаҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ онро то ба замони мо расонидаанд.

***

Меҳргон дар байни мардум бештар чун иди ҳосилот маъмул гардидааст.  Барои фасли зимистон захира кардани маводи зарурии ғизоӣ яке аз анъанаҳои неки Меҳргон мебошад.

***

Меҳргон ифодагари фасли заррини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд.

***

Меҳргон, пеш аз ҳама, ҷашни деҳқонон буда, айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзию боғдорӣ, рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастархони мардум ба ҳисоб меравад.

***

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкони эҳё кардани ҷашнҳои бостониамон – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро пайдо кардем, ба онҳо чун ҷузъи арзишҳои миллии хеш умри дубора бахшидем, расман ба қонунгузории мамлакат ворид сохтем ва имрӯз дар саросари Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил менамоем.

***

Меҳргонро шоирони бузурги мо ҳам ба сифати ҷашни мардумӣ ва ҳам ойини хусравонӣ тавсиф кардаанд.

***

Меҳргон таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ, файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум мебошад.

***

Ҷашну ойинҳои миллии аз ниёгони некномамон меросмонда оммаҳои мардумро ба сулҳу субот ва оромию осоиш даъват мекунанд.

***

Таҷлили расмии Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангияш овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 17, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид