Изатулло Саидзода: «Масъалаи ворид кардани блогерон ва блогҳои интернетиро дар қонунгузории соҳавӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор медиҳем»

Июль 20, 2022 17:38

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асри 21 асри илму техника ва рушди шабакаи глобалӣ — интернет буда, дар фазои иттилоотии кишвар блогерҳо пайдо шудаанд, ки мавқеи хешро мехоҳанд нишон диҳанд. Ҳоло замоне фаро расидааст, ки қонунгузорӣ бояд фаъолияти онҳоро ба танзим дарорад. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом ёфта ва ё ба нақша гирифта шудаанд? 

Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» имрӯз, 20 июл Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода зимни нишасти матбуотӣ посух дод.

Мавсуф иброз дошт, ки Маркази миллии қонунгузорӣ дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»-ро ҳамроҳ бо қонуни моделии ИДМ «дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мавриди таҳлили муқоисавӣ ва ҳуқуқӣ қарор дода, таҳқиқоти муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузорӣ гузаронид.

Изатулло Саидзода ҳамзамон гуфт, ки дар Маркази қонунгузорӣ шуъбаи иттилоот ва мураттабсозӣ фаъолият дорад. «Он чизе, ки имрӯз Шумо вобаста ба  зарурияти  танзими муносибатҳо доир ба фаъолияти блогерҳо пешниҳод намудед, қобили қабул буда, мо ин масъаларо оянда мавриди омӯзишу баррасӣ қарор медиҳем», — таъкид намуд Директори Маркази миллии қонунгузорӣ.

И. Саидзода дар идома доир ба фаъолияти дигар бахшҳои марказ дар шаш моҳи аввали соли равон иттилоъ дода, афзуд, ки дар асоси нақшаи кори Марказ барои соли равон 6 адад санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бо мақсади дар оянда такмил додани  муқаррароти онҳо аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуданд ва дар маҷмӯъ 67 пешниҳод рӯи кор омад.

Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2022 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид