Корхонаҳои саноатии Гулистон дар шаш моҳ ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Июль 24, 2022 08:35

ДУШАНБЕ, 24.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон давоми шашмоҳаи аввали соли равон ба маблағи 2 миллиарду 523,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 102,1 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 51,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Раъно Ҳошимзода иброз дошт, ки доир ба эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) соли равон 6 корхонаи саноатӣ, аз он 4 адад барои истеҳсоли гӯшти мурғ ва 2 адад барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор дода мешаванд.

 Зикр шуд, ки давоми шаш моҳи соли 2022 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 130 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид шудаанд, ки он ба 107,8 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар буда, ба буҷет 9,4 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид.

«Ба хотири дастгирии кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ва таъмин намудани онҳо бо манзилҳои истиқоматӣ тадбирҳо амалӣ гардонида шуда, дар шашмоҳаи аввали соли 2022 як нафар корманди соҳаи тандурустӣ бо манзили истикоматӣ таъмин гардид. Инчунин барои беҳтар намудани шароити зисти кормандони соҳаи иҷтимоӣ, бахусус мутахассисони ҷавон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои сохтани хонаҳои истиқоматӣ кор бурда истодааст», — афзуд Раъно Ҳошимзода.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Июль 24, 2022 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст