Кумитаи ҳифзи муҳити зист соҳиби бинои нав мегардад

Июль 3, 2022 09:54

ДУШАНБЕ, 03.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.

Бинои сохташавандаи нави маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар буриши кӯчаи Шевченко ва Бухорои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқаъ гардида, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе барои сохтмони он дар масоҳати 0, 30 гектар замин ҷудо карда шудааст.

Бинои мазкур аз таҳхонаю 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳо тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда, ҳуҷраҳои корӣ, анборҳо, толори маҷлис, миёнасарой, ҳуҷраҳои техникӣ, ду адад лифти вазнбардориашон 630 ва 1000 кг, роҳравҳо, нуқтаҳои санитарӣ, ҷойҳои дастшӯӣ, шароити зиддисӯхторӣ, утоқҳои лабороторӣ ва ҷойи муайян барои посбон сохта мешаванд.

Тавре сардори шуъбаи корҳои сохтмони маъмурии Кумитаи мазкур А.Панҷиев зимни муаррифии лоиҳаи бинои мазкур гуфт, масолеҳи сохтмонӣ, ки барои бунёди бинои маъмурии Кумита истифода мегардад, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошад.


Зикр шуд, ки бино тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи шаҳрсозӣ дар сатҳу сифати баланд сохта шуда, солиёни зиёд барои фаъолияти кормандони ҳифзи муҳити зисти кишвра хизмат менамояд.

Дар маросими оғози сохтмони бинои нав раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок намуда, гуфт ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

«Ин аст, ки зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои маъмурии хуштарҳу замонавии соҳавӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои беҳтар гаштани шароити кории кормандон мусоидат менамоянд. Ин ғамхориҳои пайваста моро водор месозад, ки кору фаъолияти худро ба таври зарурӣ ба роҳ монда, баҳри беҳдошти муҳити зисту таъмини амнияти экологии аҳолӣ ва дар умум баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон кӯшишу талош намоем», — тазаккур дод ӯ.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2022 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад