Моҳи сентябр дар Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия доир мешавад
ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзномаи ҷаласа миёни сохторҳои қудратии ду кишвар аллакай баррасӣ шудааст. «Мавзӯъҳои асосӣ барои баррасӣ мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир хоҳанд буд. Самаранокии тадбирҳои андешида ва кори муштарак дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ низ таҳлил карда мешавад», — иброз намуд вазир.
Мавриди зикр аст, ки вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, дар асоси созишномаву санадҳои қаблан ба имзорасида чорабиниҳои муштарак мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти ҳайати мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аз соли 1999 инҷониб ҳамасола баргузор шуда, василаи муҳими ташкили ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ду кишвар гардидааст.
Елена БАТЕНКОВА,
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






