Моҳи сентябри соли 2022 дар Душанбе аввалин IT-парк ба фаъолият оғоз мекунад

Июль 22, 2022 15:10

ДУШАНБЕ, 22.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе IT-парк ба фаъолият оғоз менамояд, ки ин нахустин технопарки Тоҷикистон, қаламрави имконият ва ҳамгироии илму маориф ва технологияҳои олӣ мегардад, чунин иброз дошт директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Саъдӣ Самадзод гуфт, ки маркази мазкур дар суроғаи кӯчаи Мирзо Турсунзода А-27, собиқ бинои Маркази ҷавонон воқеъ гардида, фаъолияташро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ мемонад.

«IT-парк ҷойест, ки одамони фаъол ва боистеъдод аз ҳисоби мавҷудияти инфрасохтори муосири техникӣ, дастгирии молиявӣ ва илмӣ ғояҳои худро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил медиҳанд. Дар он на танҳо ҷавонони пойтахт, балки тамоми ҷумҳурӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд», — иброз дошт мавсуф.

Ба зикри ӯ, ҳадафи асосӣ мусоидат ба рушди босуръати соҳаи IT дар кишвар – ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди таҳия ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатпазир дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, пешбурди онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳавасмандгардонии таҳияҳои инноватсионӣ, таъмини сокинон бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла лабораторияҳо, ба онҳо расонидани хадамоти машваратии молиявӣ, маркетингӣ, ҳуқуқӣ, инчунин хизматрасонӣ дар доираи барномаҳои суръатбахшӣ, мусоидат ба муттаҳидсозии фаъолияти ташкилоти илмӣ, тадқиқотӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ оид ба таъмини муттасилии силсилаи истеҳсолот,  тайёр намудани аҳолӣ ва ҷавонон бо мақсади ташаккул додани синфи муосири мутахассисони баландихтисос, гузаронидани маҳорат-дарсҳо, тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос, инчунин конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва семинарҳо бо ҷалби ширкатҳо ва мутахассисони пешрафта мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2022 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад