Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Маҷористон Каталин Ева Верешне-Новак

Июль 8, 2022 17:50

ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон бипазиред.

Тули ин давра талошҳои ду кишвар дар роҳи таҳкиму тавсеаи  муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд самараи нек ба бор овардаанд. Дар ин раванд, силсилаи мулоқоту тамосҳои пайвастаи байнидавлатии сатҳи олӣ ва баланд нақши муассир доштанд.

Зимни арзёбии мусбат аз ҷараёни кунунии ҳамёрии ду давлат, мо манфиатдор будани кишвари худро ба вусъату таъмиқи бештари он  таъкид менамоем.

Бар ин боварем, ки идомаи муколамаи созандаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасана ва ҳамкориҳои дарозмуддату гуногунҷанбаи кишварҳоямон дар заминаи манфиатҳои аслии мардумони мо такони тоза хоҳад бахшид.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, тансиҳатии комил, хушбахтӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Маҷористон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

Дар барқияи табрикии Президенти Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед зимни ин нома таманниёти гарму самимии худро ба Шумо ва ба тамоми мардуми кишваратон ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ иброз намоям.

Аз он шод ҳастам, ки дар муддати се даҳсолаи ахир муносибатҳои дуҷонибаи мо дар рӯҳияи эҳтиром ва эътимоди ҳамдигарӣ рушд ёфтаанд.

Бовар дорам, ки мо минбаъд ҳам метавонем дар аксари дигар соҳаҳои ҳамкориҳоямон ба дастовардҳои  нав ноил гардем.

Умедворам, ки ифтитоҳи Консулгарии ифтихории Маҷористон ба наздикӣ дар Душанбе ба ҷаҳду талошҳои муштараки мо такони тоза хоҳад бахшид.

Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки Маҷористон минбаъд низ аз таҳкими   шарикиамон ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Ба Шумо саломатии бардавом ва дар кори масъулиятнокатон дастовардҳои беш аз пеш хоҳонам».

Июль 8, 2022 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд