МУБОРАК БОД! Гӯштингирони тоҷик дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё соҳиби ду медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасони то 15-сола ва ҷавонони то 20-сола варзишгарони тоҷик ду медал — 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Медали нуқраро Исоҷон Нураҳмадов дар вазни 68кг сазовор шуд. Қувваозмоиҳои ин вазн даврӣ сурат гирифта, Исоҷон дар даври аввал варзишгари Эрон Имад Ризо Муҳсиннажодро шикаст дод ва дар даври дуюм аз намояндаи Ҳиндустон Кумар Сачин мағлуб шуд. Сипас, дар ду даври дигар бар намояндагони Қирғизистон (Ержан Оқилбек уулу) ва Қазоқистон (Еркебулан Анапиа) пирӯз гардид.
Варзишгари дигар Муҳаммад Абдуҳакимзода дар вазни -62кг медали биринҷӣ ба даст овард. Муҳаммад дар ду давр бар варзишгарони Қазоқистон (Ислом Гассимов) ва Ироқ (Алӣ Форис Абдулсоҳиб Ал-Талӣ) дастболо шуда, ба нимфинал баромад. Вале дар ин давр аз варзишгари Эрон Алиризо Аббос Муҳаммад Ҳусейнӣ мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм дубора варзишгари Ироқ Алӣ Форис Абдулсоҳиб Ал-Талиро шикаст дод.
Чемпионати Осиё оид ба гўштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) дар шаҳри Манамаи Баҳрайн то 10 июл идома меёбад.
Ба иттилои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар чемпионат 5 нафар миёни наврасон ва 3 нафар миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд.
Имрӯз нерусанҷиҳо миёни наврасон дар гӯштини тарзи озод баргузор мешавад. Ду варзишгари мо Идрисҷон Баҳромов (48кг) ва Алиризо Баҳромов (68кг) гуштин мегиранд.
Аз фардо, 5 июл то 10 июл қувваозмоиҳо миёни ҷавонон баргузор мешавад.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






