Муовини нави Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз ҷавонтарин докторони илм ва профессорони мамлакат муаррифӣ гардид

Июль 7, 2022 12:47

ДУШАНБЕ, 07.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйини муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода Илёсҷон Ғаффор ба Шӯрои олимон ва Шӯрои омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон расонида шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ.

Ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода зимни муаррифии муовини нав аз эътимоди баланди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассиси донишгоҳ аст, ёдовар шуда, зикр намуд, ки номзадии И. Ғаффорзода ба ин мақом бо Ҳукумати мамлакат мувофиқа шудааст.

Ректор И. Ғаффорзодаро яке аз ҷавонтарин докторони илм ва профессорони Тоҷикистон номид. Роҳбари донишгоҳ таъкид кард, ки ДМТ барои рушду афзоиши заминаи баландсифат омӯзгорони соҳибихтисос ва ҷавонони болаёқат дорад. «Рушди минбаъдаи ояндаи Тоҷикистон аз мутахаассиони ҷавони сатҳи касбиашон баланд вобаста аст», — гуфт Хушвахтзода.

Илёсҷон Ғаффорзода 8 декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2009 шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудааст. Дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ (2009-2013), муаллими калони кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2013-2015), дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2015), муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2014-2015), мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ (2015-2019). Аз соли 2019 номбурда дар вазифаи директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.

И. Ғаффорзода солҳои 2010-2013 аспиранти кафедраи ҳуқуқи граждании ДМТ буда, солҳои 2013-2015 магистратураи ДМТ-ро аз рӯи ихтисоси молия ва қарз (иқтисодчӣ) хатм намудааст.

Соли 2014 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Табиати ҳуқуқии шартномаҳои муаллифӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2021 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Проблемаҳои вазъи ҳуқуқии кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти сивилистӣ» ҳимоя намудааст.

Хизматҳои шоистаи олими ҷавон И. Ғаффорзода бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ (2018), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2020), Ифтихорномаи ДМТ ва бо сипосномаю раҳматнома ва медалҳои ҷашнии чанде аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ қадр гардидаанд.

И Ғаффорзода яке аз ҷавонони масъулиятшинос ва ҷӯянда буда, дар робита ба мавзӯъҳои илмиаш таҳқиқоти арзишманде ба сомон расонидааст ва пашӯҳишҳояш дар 7 монография, зиёда аз 20 дастури таълимию методӣ ва беш аз 90 интишороти илмӣ инъикос гардидаанд. Инчунин, бо мақсади иштирок дар конференсияҳои илмӣ ва иҷрои корҳои илмӣ, ҳамзамон ҷиҳати рушд бахшидани фаъолияти корӣ ба чанде аз давлатҳо, аз ҷумла ба Русия, Олмон, Австрия, Италия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Қазоқистон, Узбекистон, Фаронса ва Англия сафар намудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2022 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор гирифт
Ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати рушди таҳсилоти олии касбӣ густариш меёбад
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
«ОМӮЗГОРИ СОҲИБКАСБ — МИЛЛАТИ БОСАВОД». Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои маориф иштирок доранд
«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз ёфт
Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти илму маориф лоиҳаҳои муштаракро татбиқ менамоянд
Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд имкони беҳтарин аст
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ин мақсад хонишҳои сиёсӣ гузаронида мешавад
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия ҳамкориро тақвият медиҳад
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФИ ДУШАНБЕ. Бо мақсади табодули таҷриба гурӯҳи корӣ ба Тошканд сафар намуд
«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2023». Муаллими Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид
Даври сеюми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ доир шуд