Музаффар Ашуриён бо Вазири адлияи Русия Константин Чуйченко мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки аз 29 июн то 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд, 30 июн Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Вазири адлияи Русия Константин Чуйченко мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ.
Дар мулоқот рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардан ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳои мақомот, муассисаҳои адлия, мусоидат ба рушди ёрии ҳуқуқӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ бо мақсади амалинамоии ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи адлия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин барои ҷоннокгардонии муносибати минбаъда аз ҷониби Вазири адлияи Тољикистон пешниҳод карда шуд, ки созишномаи ҳамкорӣ дар таҳрири нав таҳия ва ба баррасии тарафҳо ирсол карда шавад.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»






