МУЖДА! 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО шомил гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардиданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов.
Тибқи иттилои ў, ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10-уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки аз 4 то 7 июли соли равон дар Шоҳигарии Мароко баргузор гардид, тасдиқ шудаанд.
Парвандаҳои номинаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони вазорат таҳия гардида, ба дафтари марказии созмони мазкур тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардид.
Аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии пешниҳодгардида, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.
Парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои мазкур аз ҷониби коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ Мирзошариф Абдусаломов ва коршиноси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммад Наботов таҳия гардидааст.
АКС аз бойгонӣ








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






