МУЖДА! 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО шомил гардиданд

Июль 7, 2022 17:12

ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардиданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов.

Тибқи иттилои ў, ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10-уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки аз 4 то 7 июли соли равон дар Шоҳигарии Мароко баргузор гардид, тасдиқ шудаанд.

Парвандаҳои номинаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони вазорат таҳия гардида, ба дафтари марказии созмони мазкур тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардид.

Аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии пешниҳодгардида, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.

Парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои мазкур аз ҷониби коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ Мирзошариф Абдусаломов ва коршиноси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммад Наботов таҳия гардидааст.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 7, 2022 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд