НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 148 нафар хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Данғара ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб гардиданд

Июль 20, 2022 11:09

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз теъдоди умумии хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Данғара 148 нафар дар 3 давра бо назардошти супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, ҳимояи рисолаи хатм ва имтиҳони давлатӣ дар кафедраи ҳарбӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷалб гардида, 28 нафар донишҷӯён дар доираи курси 1-4 ихтиёран ба Артиши миллӣ сафарбар гардиданд. Дар ин бора ректори Донишгоҳи давлатии Данғара   Нуралӣ Шоҳиён  зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки соли равон зинаи бакалаври таҳсилоти рӯзонаро 1239 нафар, аз ҷумла 434 нафар ба тарзи таҳсили буҷавӣ, 805 нафар ба тарзи таҳсили шартномавӣ, 25 нафар дар асоси квотаи президентӣ хатм намуда, дар зинаи бакалаври таҳсилоти фосилавӣ 365 нафар  (51 нафар ба тарзи таҳсили буҷавӣ, 314 нафар ба тарзи таҳсили шартномавӣ) ва  дар зинаи магистратура 107 нафар (26 нафар ба тарзи таҳсили буҷавӣ, 81 нафар ба тарзи таҳсили шартномавӣ) донишгоҳро хатм намуданд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 теъдоди умумии хатмкунандагони донишгоҳ бо дипломи аъло 36 нафар дар таҳсилоти рӯзона ва 5 нафар дар зинаи магистратураро ташкил медиҳад.

Дар соли таҳсили 2021-2022 махсусан дар доираи нишасти матбуотӣ тасдиқи мавзуъҳо ва дараҷаҳои илмии номзадӣ, унвони докториро 3 нафар омӯзгорони донишгоҳ ба даст оварданд. То 31 декабри соли 2022  ба ҳимоя омода гардидани боз 25 нафар омӯзгорону кормандон дар назар дошта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ  дар се давра устодони донишгоҳ ба Словакия, Полша ва Фаронса сафар намуда, бо таҷрибаи муосири таълимгоҳҳои олии Иттиҳоди Аврупо шинос ва соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд. Онҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара пайваста  трениингҳо мегузаронанд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара

Июль 20, 2022 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид