НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Суғд барои 45 оила — мутахассисони соҳаҳои маориф ва тиб бинои истиқоматӣ сохта шуд
СУҒД, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар микроноҳияи 8-уми шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои 45 оила- мутахассисони соҳаҳои маориф ва тиб сохта шудааст, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Дар ин бора 19 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Раиси вилоят оид ба вазъи соҳаҳои гуногун ва натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли равон гуфт, ки давоми шаш моҳи имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 11,1 млрд сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шуд.
Ҳамзамон вобаста ба вазъи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд, ки “бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф ва соҳаи тиб, ки ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар аст, мо бояд онро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, рушд диҳем”.
Зикр шуд, ки дар вилоят сохтмони 4 бинои баландошёнаи зебоманзар барои мутахассисони соҳаҳои маориф ва тиб дар назар буда, онҳо бо тарҳи замонавӣ сохта мешаванд.
Ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки ин иқдоми некро дастгирӣ намуда, дар ҷойҳо сараввал барои дастгирии 4 ё 5 оилаи омӯзгорон ва табибон чунин хонаҳои истиқоматӣ ба истифода диҳанд ва минбаъд ин раванд идома дода шавад.
Айни ҳол дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин иқдоми нек дастгирӣ ёфта, корҳо идома доранд.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки имрӯзҳо сокинони меҳнатдӯсти вилоят барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида, бо дили гарм ва нигоҳи нек ба ояндаи Ватани маҳбубамон ба бунёдкориву созандагӣ машғуланд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони вилоят ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррасу шоиста истиқбол менамоянд.
Саъдулло МАҲКАМОВ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






