НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дастпарварони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон иштирокчиёни мусобиқаҳои ҷаҳониянд
ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон борҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Тошканд доир шуд, се нафар донишҷӯёни бахши 3-юми факултети тарбияи ҷисмонӣ- Абдумалик Болтаев дар вазни 75кг ҷойи дуюм, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг ҷойи дуюм ва донишҷӯи бахши 3 -юми факултети варзиш Расул Аҳадов дар вазни 67 кг ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ин нуктаро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров дар ҳузури хабарнигон баён дошт.
Зикр шуд, ки дар Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки 22-23 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе доир гардид, варзишгарони ин даргоҳ 1 медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин донишҷӯи бахши 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ Ҳақназар Назаров дар вазни то 90кг дар финал аз Масъуд Бароталии эронӣ шикаст хӯрда, ҷои дуюмро соҳиб шуд.
Умар Расулов, донишҷӯӣ бахши 2-юми факултети тарбияи ҷисмонӣ дар вазни то 81кг ва омӯзгори кафедраи варзиши сабук Мавлуда Асламова дар вазни то 87кг ҷойи сеюро мушарраф гардиданд.
Мояи ифтихор аст, ки Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва дигарон дастпарварони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошанд, ки борҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, чемионатҳои Осиё, ҷаҳонӣ ва инчунин Бозиҳои олимпӣ иштирок карда, ба ифтихорашон Суруди миллии ҷумҳурӣ садо дода, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шудааст.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






