ОБУ ҲАВО: 13 ва 14 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад

Июль 13, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 ва 14 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи ВМКБ омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+215 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Июль 13, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид