ОБУ ҲАВО: Аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон ҳавои гарм боқӣ мемонад

Июль 1, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон ҳавои гарм боқӣ мемонад. Дар водиҳо ҳаво рӯзона то 40+43  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+47 дарҷа гарм, дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 35+40 дараҷа гарми пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияи Дарвоз то + 42 дараҷа гармӣ боқӣ мемонад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 9-14 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 40+42 дараҷа гарм мешавад.

Июль 1, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад