ОБУ ҲАВО: Аз 5 то 7 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 7 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад. Рӯзҳои 5 ва 6 июл дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






