ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар корхонаҳои шаҳри Душанбе истеҳсоли либосҳои мактабӣ ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали моҳи август то оғози соли нави таҳсил дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ доир мешавад. Бо мақсади таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо сару либоси ягонаи мактабӣ 22 июл гурӯҳи корӣ аз шароити истеҳсол, сифати маҳсулоти ватанӣ ва андозаву арзиши либоси ягонаи мактабии корхонаҳои ватанӣ дидан намуд.
Тавре дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими боздид масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия, инчунин раисони кумитаҳои падару модарони таълимгоҳҳо иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии мамлакат дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, ба роҳ мондаанд. Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамоянд.


Хариди либосҳои ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Душанбе ба рушди саноати пойтахт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мутахассисони корхонаҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат бо назардошти имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинишуда ҳамеша масъулин ва роҳбарони корхонаҳои дӯзандагиро вазифадор менамоянд, ки истеҳсоли чунин либосҳоро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, хонандагонро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе









Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






