Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан, бозхонд намудани муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилӣ Файзалӣ ва дар хусуси интихоб намудани
Мирзозода Рустам Пираҳмад ба вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Комилӣ Файзали ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Хайриддинзода Азизбек ба вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Одиназода Ҷонфидо Халил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Бекзода Абдураҳим Абдулло ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ёқубзода Абдураҳмон Холдор ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Маҳмадзода Хуршед Бобохон ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Солеҳзода Зарина Тағойназар ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Усмонзода Тоҷиддин ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Хафиззода Темур Ҷамшед ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд






