Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони хусусии Хуршеди Истиқлолро ба истифода доданд.
Муассисаи нави томактабӣ дар масоҳати 1300 метри мураббаъ бунёд гардида, барои 600 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Кӯдакистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Раҷабзода дар заминаи дастгирӣ аз иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардидааст.
Кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, дорои 36 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Ҳамаи утоқҳои муассиса бо шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардида, мутобиқ ба талаботи имрӯза ҷиҳозонида шудаанд.
Таълим дар кӯдакистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи кӯдакон мураббияҳои соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ, дар ин муассиса беш аз 90 кас бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Бинои муассисаи томактабӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, техникӣ ва воситаҳои зарурии бехатарӣ таъмин буда, роҳравҳои дохилии он бо тасвирҳои қаҳрамонони афсонаҳо оро дода шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида барои таълиму тарбияи кӯдакон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Дар кӯдакистон бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва тарзи ҳаёти солим толорҳои мусиқӣ ва варзишӣ таъсис дода шудаанд. Муассиса ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро туҳфаи арзишманд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, онҳоро даъват намуданд, ки барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз шароити фароҳамгардида самаранок истифода намуда, тамоми малакаю маҳорати худро равона созанд.
Дар саҳни кӯдакистон 18 айвонча мутобиқ ба талаботи муосир барои баргузории машғулиятҳо сохта шуда, майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва гӯшаи табиати зинда ташкил гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти фароҳамгардидаи таълиму тарбия дар кӯдакистон ба таъсисдиҳандагони муассиса барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, амалисозии чунин иқдомҳои наҷибро омили муҳим дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад






