Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд

Сентябрь 22, 2026 11:43

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ пурра таъмиру навсозӣ гардид, дидан намуданд.

Чойхонаи Сирдарё дар соҳили чапи дарёи Сир дар масоҳати 2 ҳазору 741 метри мураббаъ аз нав барқарор карда шуда, фармоишгари иншоот Корхонаи давлатии коммуналии Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ва паймонкор ҶДММ Сохтмон пешсаф мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки чойхона бо тарҳу услуби зебои меъмории миллӣ бунёд гардида, дар ороиши деворҳои он ҳунарҳои наққошӣ, гаҷкорӣ ва кандакорӣ истифода карда шудаанд. Ҳунарҳои тасвиргардида дар бино бо хусусиятҳои хоси миллӣ ва услуби муосир ҳамоҳанг гардидаанд.

Дар саҳни ҳавлии чойхона 3 суҳбаткадаи кандакорӣ қомат афрохтааст, ки аз ғановатмандии ҳунарҳои миллии тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.

Сипас дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути 4 ҳавз ба дарёи Сир 1 миллион моҳича сар доданд.

Моҳичаҳо аз зотҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ мебошанд, ки дар коргоҳҳои моҳичапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариш ёфтаанд.

Тадбирандешии мазкур дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳифзи муҳии зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири афзоиш додани саршумори моҳӣ дар дарёи Сир роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҳамин ҷо, дар 5 аквариум намудҳои моҳӣ аз оилаи амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ муаррифӣ карда шуд, ки дар коргоҳҳои истеҳсоли моҳӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят парвариш меёбанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки моҳиҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ вобаста ба шароити обу иқлим ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 500 грамм вазн мегиранд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сар додани моҳичаҳо ба мутахассисони соҳа барои рушди моҳипарварӣ тавсияҳои судманд дода изҳор доштанд, ки дар обҳои Тоҷикистон зиёда аз 20 навъи моҳиро парвариш кардан мумкин аст.

Боздид аз чойхонаи Сирдарё ва ба дарёи Сир сар додани 1 миллион моҳича 22.09.2026

Сентябрь 22, 2026 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд