ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Созмонҳои байналмилалӣ бонги изтироб мезананд: ба ҷаҳон гуруснагии сахттарин пас аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳдид мекунад

Июль 29, 2022 13:48

ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агар барои ҳалли буҳрони озуқаворӣ тадбир андешида нашавад, инсоният ба гуруснагии оммавӣ, бесуботии сиёсӣ ва муҳоҷирати бенизом мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар ин бора дар изҳороти Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP) гуфта шудааст.

Таҳримҳо мардумро дар саросари ҷаҳон ба гуруснагӣ ва фақр гирифтор мекунанд. Чунин буҳрон метавонад сабаби марги миллионҳо нафар гардад. Созмонҳои байналмилалӣ бонги изтироб мезананд. Ба ҳисоби коршиносон, соли оянда шумораи гуруснагон аз 13 миллион нафар зиёд мешавад.

Дар сомонаи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ соли 2022 «соли гуруснагии бесобиқа» номида шудааст. Тибқи маълумоти СММ, ҳар рӯз 828 миллион нафар аз норасоии ғизо азият мекашанд. Теъдоди нафароне, ки ба норасоии ғизо дучоранд, аз 135 миллион дар соли 2019 ба 345 миллион расидааст. 50 миллион нафар дар 45 кишвари ҷаҳон дар остонаи гуруснагӣ умр ба сар мебаранд. СММ тасдиқ менамояд, ки барои ғизои 152 миллион нафар 22,2 миллиард доллар зарур аст.

Норасоии ғизоро, дар навбати аввал, Миср, Ҳабашистон, Нигерия, Судони Ҷанубӣ ва Яман эҳсос менамоянд. Тибқи пешгӯии коршиносон, Афғонистон ва Сомалӣ ба нуқтаҳои нави шиддатнок табдил хоҳанд ёфт. Бо вуҷуди ин, норасоии ғизо ба кишварҳои пешрафта низ таҳдид мекунад. Дар он ҷо нархҳо аллакай чанд маротиба боло рафта, ба ҳамёни истеъмолкунандагон зарба мезананд.

Афзоиши нархи гӯшт, ғалла, сабзавот ва мева баръало намоён аст. Деҳқонон афзоиши қимати нуриҳои минералиро низ зикр мекунанд ва ҷаҳон аллакай дар остонаи камбуди нон қарор дорад.

Масалан, Миср бузургтарин воридкунандаи гандум дар ҷаҳон аст ва ҳамасола аз хориҷи кишвар ҳудуди 11 миллион тонна ғалла бо истеъмоли солонаи 18 миллион тонна мехарад. Содиркунандагони асосии гандум ба ин ҷумҳурии арабӣ Русия ва Украина мебошанд. Ҳаҷми интиқоли ғаллаи Русия соли гузашта ба 8,2 миллион тонна (74,5 фоизи тамоми воридоти ғалла) расид. Ҳиссаи Украина тақрибан 20% -ро ташкил медиҳад, боқимонда аз ҳисоби дигар давлатҳо пур карда мешавад.

СММ чаҳор сабаби гуруснагии оммавиро номбар кардааст: даргириҳои мусаллаҳона, офатҳои иқлимӣ, оқибатҳои пандемияи COVID-19 ва болоравии нархҳо. Ба гуфтаи ин созмон, 60 дарсади гуруснагон дар ҳудуде зиндагӣ мекунанд, ки даргириҳои мусаллаҳона ҷараён доранд ва ё ба он наздиканд.

“Мо ҳамин ҳоло бо буҳрони бесобиқа рӯ ба рӯ гардидаем ва агар бо он ба таври стратегӣ ва муассир мубориза набарем, пас моро гуруснагии оммавӣ, бесуботии даҳҳо кишвар ва муҳоҷирати оммавӣ интизоранд”,- гуфт директори барномаи озуқаворӣ Дэвид Бисли (иқтибос аз “РИА Новости”).

Бисли ҳушдор дод, ки соли оянда метавонад нисбат ба ин сол «хеле шадидтар» бошад. Вай ҳамчунин иқрор шуд, ки дар мудати 6-12 моҳи оянда ҷомеаи ҷаҳонӣ бинобар болоравии қимати маводи ғизоӣ ба мушкилот дучор хоҳад шуд. Баъд аз ин, агар мушкил ҳал нашавад, ҷаҳонро метавонад норасоии сартосарии ғизо фаро гирад.

Аввали моҳи июл СММ пешгӯӣ карда буд, ки тақрибан 13 миллион нафар дар ҷаҳон ба далели амалиёти ҷангӣ дар Украина имсол ба таври изофӣ бо мушкилоти гуруснагӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Тибқи пешгӯиҳои навшуда, соли 2030 беш аз 670 миллион нафар метавонанд эҳсоси гуруснагӣ кунанд.


El Pais 22 июн хабар дод, ки Иттиҳоди Аврупо гузоришеро дар бораи пайомадҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии амалиёти Русия дар Украина барои кишварҳои сеюм омода кардааст. Кишварҳои аврупоӣ аз афзоиши хатари “қаҳтии фалокатбор” дар Африқои Шимолӣ ҳушдор додаанд.

Дар бисёр мамлакатҳои Африқо имсол ҳосил амалан набуд, аз миёнаҳои соли гузашта қариб 3 миллион cap чорво нобуд шуд. Кишоварзӣ дар Африқо дорои иқтидори бузург аст, аммо сармоягузорӣ талаб мекунад.

Дар Зимбабве соли 2022 қариб 3,8 миллион нафар бинобар ҳосили паст бар асари хушксолӣ ба гуруснагӣ дучор хоҳанд шуд, бармеояд аз ҳисоботи Кумитаи арзёбии осебпазирии Зимбабве (ZimVAC).

Дар Миср, Лубнон, Либия, Сурия, Тунис, Марокаш ва Фаластин — буҳрони озуқаворӣ, хушксолӣ ва нарасидани об мавҷуд аст.

Тақрибан чоряки аҳолии ҷаҳон дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки ба онҳо норасоии шадиди об таҳдид мекунад. Яъне, ду миллиард нафар ба оби равон дастрасӣ надоранд, омадааст дар ҳисоботи Пажӯҳишгоҳи захираҳои ҷаҳонӣ (WRI). Харитаи хавфи обии пешниҳоднамудаи WRI норасоии об, хушксолӣ ва обхезиро арзёбӣ мекунад.

Кишоварзӣ, саноат ва шаҳрҳо дар 17 кишвари ҷаҳон қариб тамоми захираҳои обиро (ба ҳисоби миёна 80%) истеъмол мекунанд. Ба ин феҳрист Қатар, Исроил, Лубнон, Эрон, Урдун, Либия, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Эритрея, АМА, Сан-Марино, Баҳрайн, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон, Уммон ва Ботсвана шомиланд. Дувоздаҳ кишвар аз ин феҳрист, ки ба камбуди фавқулода баланди об дучоранд, дар Шарқи Наздик ва Миёна ҷойгиранд, ки дар он ҷо норасоии об метавонад на танҳо рақобатро барои захираҳои об, масалан, миёни деҳот ва хонаводаҳо афзоиш диҳад, балки ташаннуҷи сиёсиро низ вазнинтар намояд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дода буданд, ки соли 2022 “барои башарият аз ҳама ҷиҳат, аз ҷумла дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ соли душвортарин ва вазнинтарин” хоҳад буд. Сарвари Тоҷикистон дар ин бора 1 апрели соли равон зимни суханронии табрикии худ ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон изҳори назар намуданд. Дар робита ба ин, Пешвои Тоҷикистон аз ҳамватанон даъват намуданд, ки бинобар таъсири ҷиддии авзои ҷаҳон ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои на кам аз ду сол маводи ғизоӣ захира кунанд.

«Мо бояд ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳорро истифода барем, то маъракаи киштро сари вақт анҷом дода, ба ҳосили фаровон замина гузорем. Дар ёд дошта бошед, ки ҳар оила бояд барои ду сол маводи ғизоӣ захира намояд», — хулоса намуданд Президенти Тоҷикистон.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 28 июл, дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати кишвар бори дигар ба ин мавзӯъ муроҷиат карда, доир ба зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии воридоти гандум ба мамлакат сухан гуфтанд. Чунин супоришҳо аз ҷониби Сарвари давлат ба роҳбарони аввали Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, инчунин Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла дода шуданд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки барои воридоти мунтазами гандум аз хориҷи кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, роҳҳои ҷойгузини (алтернативии) воридоти он низ ҷустуҷӯ карда шаванд. Дар ҳамин ҳол, Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо вуҷуди он ки дар шашмоҳаи аввали соли 2022 рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ба 107,2 фоиз расидааст, захираҳои кишвар ҳанӯз ҳам пурра истифода намешаванд.

Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумат вазифа гузоштанд, ки амнияти озуқавории кишварро ҳифз карда, бо оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб замин аҳолиро бо ҷойи кор таъмин намоянд. Ба андешаи Сарвари давлат, ин имкон медиҳад, ки дар як сол се-чор ҳосил рӯёнида, аз ҳисоби кишти такрорӣ майдони кишт зиёд карда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор карданд, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ фаъолиятро оид ба афзоиш додани майдони кишти зироати таъйиноти ғизоӣ, хусусан, дар кишти такрорӣ, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшида, дар ҳар оила захира намудани озуқавориро барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023 ва мавсими соли оянда таъмин намоянд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2022 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол