Санаҳои Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Лос Анҷелес-2028 эълон шуданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Лос Анҷелес-2028 эълон кард, ки Олимпиадаи соли 2028 14 июл оғоз шуда, 30 июл ба анҷом мерасад. Бозиҳои паралимпӣ 15 август оғоз шуда, 27 август ҷамъбаст мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пас аз Бозиҳои олимпии соли 1924, ки 5 июл кушода шуда буданд, ин аввалин бозиҳо мебошанд, ки барвақттар оғоз мегарданд. Одатан Бозиҳои олимпӣ моҳи август доир мешаванд.
Ин санаҳо дар ҷараёни боздиди президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах аз қароргоҳи Лос Анҷелес-2028 тасдиқ карда шуданд.
Томас Бах ҳамроҳи раиси Комиссияи ҳамоҳангсози КБО дар Лос Анҷелес-2028 Никол Ҳовертсз барои баррасии нақшаи Бозиҳо аз шаҳри Калифорния боздид кард. Аз ҷумла, дар Лос Анҷелес Томас Бах ва Никол Ҳовертсз бо роҳбарияти Лос Анҷелес-2028 ва мансабдорони шаҳр мулоқот анҷом дода, аз иншооти варзишӣ дидан карданд ва барномаҳои варзишии ҷавонони “PlayLA”-ро тамошо намуданд, ки қисман аз ҷониби КБО маблағгузорӣ мегардад.
Ин бори сеюм аст, ки Лос Анҷелес мизбони Олимпиада мегардад. Қаблан ин шаҳри Амрико солҳои 1932 ва 1984 Бозиҳои олимпиро гузаронида буд. Вале Бозиҳои паралимпӣ бори аввал дар Лос Анҷелес баргузор мешаванд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд






