Соли 2022 дар Тоҷикистон 44 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд

Июль 31, 2022 12:06

ДУШАНБЕ, 31.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонии аҳолӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 44 иншооти нави варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд, иттилоъ дод Раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода 29 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

«Аз ҷумла, 28 майдончаи варзишӣ, 13 толори варзишӣ ва 3 маҷмааи варзишӣ бо харҷи 86 миллиону 56 ҳазору 884 сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки аз ин 9 миллиону 438 ҳазору 884 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 76 миллиону 618 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад»,- гуфт ӯ.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамеша баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имконияти мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон талош меварзад.

Зикр шуд, ки давоми шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 620 мусобиқаҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо фарогирии 1 миллиону 979 ҳазору 250 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолӣ аз баргузор карда шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2022 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!