ТИМҲОИ МУНТАХАБИ ЗАНОНАИ МИНТАҚА БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД. Пойтахти Тоҷикистон мизбони Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба футбол мегардад
ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба футбол миёни занон баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA).
Тибқи иттилои созмон, бозиҳо миёни дастаҳои мунтахаби занона се ҳафта идома ёфта, аз 6 то 21 июл баргузор мешаванд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии пойтахт ҷараён мегиранд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар мусобиқаи Осиёи Марказӣ тимҳои Узбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ воҳид ва ассотсиатсия дар Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) буда, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ футболро назорат мекунад. Он 10 июни соли 2014 таъсис ёфта, расман аз 9 январи соли 2015 ба фаъолият шуруъ кардааст. Ба он федератсияҳои футболи Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон шомил буда, то миёнаҳои соли 2015 Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ ном дошт.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 24 апрели соли 2019 дар Конгресси навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор гардид, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ президенти нави CAFA интихоб гардиданд. Қароргоҳи CAFA баъдан ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе кӯчид.
Ёдовар мешавем, ки қаблан тими миллии Тоҷикистон мавқеашро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) беҳтар карда буд. Тими кишвар якбора 6 зина боло рафт — аз 114-ум ба 108-ум. Ба сегонаи беҳтаринҳои раддабандӣ Бразилия, Белгия ва Аргентина дохил шуданд. Русия дар ҷои 35-ум қарор дошт.
ДАР АКС: Тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол. Акс: ФФТ








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад






