Тоҷикистон ва Туркия нақша доранд дар соҳаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаҳои нави муштарак таҳия намоянд
ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки якҷоя масъалаи мубодилаи сафарҳои омӯзиширо дар сатҳи техникӣ ба роҳ монанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва муомилот бо партовҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Эмре Зеки Карагёл Раиси Кумитаро бо навовариҳои ин самт дар Туркия, алалхусус оид ба ташаббуси хонум Эмине Эрдоған оид ба лоиҳаи «Сифр партов» шинос намуд.
Дар анҷоми мулоқот Баҳодур Шерализода ба Эмре Зеки Карагёл барои саҳми пурарзиш дар густариши ҳамкории дуҷонибаи давлатҳо, алалхусус дар самти ҳифзи муҳити зист миннатдорӣ баён намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






